САРЧАШМАИ ИЛМУ ДОНИШ ВА РАВШАНГАРИ РОҲИ ҲАЁТИ ИНСОНИЯТ. 14 феврал-Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб

Февраль 14, 2018 11:45

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷомеаи имрӯза ҳарчанд илму техника ба ҳадди боварнокарданӣ рушд меёбад, новобаста ба ин китоб то ба ҳол мавқеи хешро устуворона нигоҳ медорад. Зеро китоб дар ҳама давру замон сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо будаву хоҳад монд. Беҳуда нест, ки мутафаккирони мо китобро беҳтарин туҳфа барои ҳар як шахс хондаанд. Туҳфа кардани китоб ба нафаре яке аз фазилатҳои накӯи инсонӣ буда, пайваста такрори ин амал ба кас хушнудиву фараҳ ва ба нафари ҳадягиранда як ҷаҳон ғизои маънавӣ  мебахшад. Агар то ба ҳол ба касе китобе ҳадя накарда бошед, пас имрӯз маҳз ҳамон рӯзест, ки ин амалро бояд анҷом диҳед. Зеро 14 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун рӯзи ҳадяи китоб пешвоз мегирад. Дар ин рўз хеле хуб аст, то китобро аввал ба кӯдакон ва онҳое, ки дастрасиашон ба китоб бо сабабҳои гуногун маҳдуд аст, ҳадя намоем. Дар робита ба ин рӯз бо муовини директори                                                     Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов ҳамсуҳбат гардидем.

АМИТ «Ховар»: Шурӯъ аз соли 2012  14 феврал ҳамчун «Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Рўзи ҳадяи китоб-иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гардидааст, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Зарурати таҷлили ин рӯзро дар ҷомеаи мо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Г.Маҳмудов: Дар ҷомеа дар баробари моддиёт бояд маънавиёт низ ҷавобгўи ниёзҳои шаҳрвандон бошад, зеро рушду такомули рўҳии инсон натиҷаи дониши андўхтаи ўст ва дониши башарият, ки ҳосили таҷрибаи ҳазорсолаҳо мебошад, маҳз тавассути китоб аз насл ба насл ба мерос мондааст. Бинобар ин, Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб тақозои вақт аст ва ба ҳукми анъана даромадани он ба ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад ва дар қабул кардани падидаҳои фарҳангӣ  ҷомеаи мо – тоҷикон низ истисно нест.

АМИТ «Ховар»: Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз зумраи китобхонаҳое мебошад, ки дар самти муаррифӣ ва ҳадяи китобҳо нақши намоён дорад. Ин ташаббусҳо дар китобхона то чӣ андоза ба роҳ монда шудаанд?

Г.Маҳмудов: Як самти муҳими фаъолияти Китобхонаи миллӣ ташкил ва баргузории ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва гузаронидани экскурсия дар дохили Китобхона ба ҳисоб меравад, ки барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар байни донишҷўён ва хонандагони макотиби миёнаву аҳолии мамлакат манфиати махсуси фарҳангӣ дорад. Инчунин бо ташкил кардани намоишҳои китобӣ асарҳои пурмуҳтаво ба намоиш гузошта мешаванд.

Тибқи мактубҳои дархостӣ ба китобхонаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатию идоравии кишвар адабиёти гуногун  аз  захираи мубодилавии  эҳтиётии Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон  тақдим   карда мешаванд. Соли дуюм аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рўзи байналмилалии ҳадяи китобро таҷлил менамояд. Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхона дар ин рўз як миқдор китобҳои тозанашрро ба хонандагони фаъоли худ тақдим намуд.

АМИТ «Ховар»: Таваҷуҳи насли имрӯз нисбат ба китобу китобхонӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Г.Маҳмудов:  Ба вуҷуд омадани насли нави тараққихоҳ, ҷаҳду талоши он дар роҳи амалӣ намудани падидаҳои тоза дар ҷомеа, низоми маориф, маишати мардум боиси он мегардад, ки таваҷҷуҳ ба донишандӯзӣ рушд ёбад. Мо ҳама шоҳиди онем, ки ҳамарӯза садҳо нафар, бахусус донишомӯзони макотиби олӣ ба китобхонаҳо меоянд. Имрӯз китобхонаҳо беҳтарин макони мутолиа барои донишомӯзонанд.

АМИТ «Ховар»: Бештари одамон ба он назаранд, ки бо рушд ва таҳаввулоти аз меъёр зиёди интернет китоб он салобату маҳбубияти хешро аз даст хоҳад дод. То чӣ андоза ин назар дуруст буда метавонад?

Г.Маҳмудов: Зумрае бар ин назаранд, ки тадриҷан китобҳои электронӣ ҷойи китобҳои коғазиро мегиранд,  вале арзёбии дақиқе вуҷуд надорад, ки то кадом андоза Интернет қодир хоҳад буд ҷойи китобҳои коғазиву нашрияҳои ҳамарӯзаро гирад. Ҳарчанд мо мушоҳида мекунем, ки дар ҷомеаи имрӯза аллакай сомонаҳои интернетӣ ҷойи рӯзномаҳоро мегиранд ва мавқеи онҳоро танг мекунанд. Аммо Интернет ҳоло ҳам наметавонад ҷойи китобро гирад. Бойгонии китобхонаҳоро намешавад бо китобҳои электронӣ қиёс кард. Хеле зиёданд одамоне, ки мутолиаи коғазиро афзалтар аз электронӣ медонанд. Рисолати адибону олимон ва волидайн имрўз аз он иборат аст, ки фарҳанги истифодаи технологияи иттилоотиро ба фарзандон бозгў созанд. Ба онҳо талқин намоянд, ки аз технологияи навин танҳо мақсаднок истифода баранд. Бурду бохти онҳоро барояшон шарҳ диҳанд. Дар баробари ин, аз китоб ва нақши он барои башарият сухан бигўянд. Китоб васиятномаи як насл ба насли дигар аст.

АМИТ «Ховар»: Аз нигоҳи Шумо бо кадом роҳҳо метавон рӯзи байналмилалии ҳадяи китобро иди оммавӣ намоем, то на гул, балки ба якдигар туҳфа кардани китобро омӯзанд ва ҷаҳони маънавиятро афзалтар донанд?

Г.Маҳмудов: Албатта, ҳадя намудани гул дар ҳаёти инсон ончунон ҷойгоҳи махсусро касб кардааст, ки иваз кардани он ба чизи дигаре аз тасаввур берун аст. Лекин барои оммавӣ гардидани ибтикоре, пешниҳоде, қоидае, дастуре ва умуман ҳар падидаи наве, ки мавриди қабули омма бошад, муҳимияту фоидаи он ба ҳаёти рўзмарра, таъсири он ба беҳтар кардани маънавиёт ва ҷанбаи ислоҳию тарбиятии он ба назар гирифта мешавад. Китоб, ки беҳтарин ва беминнаттарин ҳамдаму ёру ёвари инсон аст, қаблан ҳам туҳфа карда мешуд ва ман аминам, ки Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб оммавӣ хоҳад гашт.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2018 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд