Шинос шавед: корманди нави мо – шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Сурӯш

Февраль 7, 2018 12:32

ДУШАНБЕ, 07.02.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз, 7 феврал, дар Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ нахустнамоиши спектакли нав бо номи «Обу оташ» аз рӯи асари нависанда, драмнавис ва рӯзноманигори маъруф Мансур Сурӯш баргузор мегардад. Намоиш соати 17.00 оғоз меёбад.

Бисёриҳо ба идораи мо занг мезананд ва суол мекунанд: магар ҳоло ин адиби маъруф ҳамроҳи шумо кор мекунад? Бале, ҳамин тавр.  Инак, шинос шавед: корманди нави мо – шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Сурӯш.

Мансур СУРӮШ (Сайфиддинов Мансур Сайдалиевич) 19 декабри соли 1954 дар ноҳияи Панҷ, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаи ноҳияи Вахш, соли 1977 факултети филологияи тоҷики УДТ (ҳоло ДМТ) ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии КМ КПСС (ш. Тошканд)-ро хатм намудааст. Дар як қатор рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Памир» фаъолият дошт. Аз соли 1993 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1998-2003 ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 2003-2007 – сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» ва аз соли 2007 то соли 2015 мушовири калони Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Аз июни соли 2015 то январи соли 2018 ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ифои вазифа намудааст.

Аз 2 январи соли 2018 ба ҳайси шореҳи адабии АМИТ «Ховар» ба фаъолият шуруъ намуд.

Мансур Сурӯш муаллифи асарҳои «Табъид», «Ҳалвои оштӣ», «Чала», «Нишонаи Азроил», «Гуноҳи деворбаст», «Пули заррин», «Намози бомдод», «Замон ва андеша», «Президенти мардумӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо С. Фаттоев), «Қиссаи бонуи соҳибқалам», «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни бухорӣ»  мебошад. Намоишномаҳои  ӯ «Акси садои тӯлонӣ», «Шиквае аз ту надорам, асри ман», «Халифа – Лаклак» дар театрҳои русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский  (Душанбе) ва ба номи А. С. Пушкин (Хуҷанд ), инчунин театри ӯзбекии ҷумҳуриявии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба саҳна гузошта шудаанд. Муаллифи сенарияи филми телевизионии «Аз Душанбе то Тел-Авив» буда, китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих»,  асарҳои   як қатор нависандагони тоҷик, аз ҷумла баъзе аз порчаҳои китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Рӯзбеҳ»-и Ӯрун Кӯҳзод, ҳикояҳои Абдулмалик Баҳорӣ, песаҳои «Гавҳари шабчироғ»-и  С. Улуғзода, «Куруш ва Куруз»-и Низом Қосим, порчаҳо аз романи «Садама»-и Саттор Турсун, мақолаи устод Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш» ва ғайраро  ба забони русӣ тарҷума намудааст.

Намунаи ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои адабии «Новое время», «Огонёк» (Федератсияи Россия) ва «Русское поле» (Молдова) чоп шудаанд. Чанде аз асарҳояш ба забонҳои ӯзбекӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1995, барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Лоҳутӣ мебошад.

Асари нави Мансур Сурӯш «Обу оташ» дар бораи  зарурияти ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи демократии дунявӣ қисса мекунад ва аз мавзӯҳои доғи рӯз маҳсуб меёбад.

Февраль 7, 2018 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад