Ширкати «Умед-88» 4, 2 млн. сомонӣ аз андоз қарздор аст
ДУШАНБЕ, 08.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Умед-88»- яке аз ширкатҳои таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш бо иттиҳоми барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули НБО «Роғун» боздошт шуда буд, 4,2 млн. сомонӣ аз ҳисоби пардохт накардани андозҳо аз буҷет қарздор аст.
Ин нуктаро раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма иброз намуд.
Ба иттилои номбурда, дар айни ҳол барои рӯёнидани ин маблағҳо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки бақияи қарзи андозҳо имрӯз 768 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз ширкатҳои мобилии Таком (Билайн)-79 млн. сомонӣ ва ҶСК «Индиго Тоҷикистон» 18 млн. сомонӣ бақияи қарзи андозҳо боқӣ мондааст. Бо ин ширкатҳо бо назардошти вазъи молиявӣ созишнома баста шудааст ва он давра ба давра пардохт мегардад.
ШСХК «Барқи тоҷик» (101 млн. сомонӣ), «Тоҷиктелеком»- (35 млн. сомонӣ), «Алюминии тоҷик» (24 млн. сомонӣ), Фонди Яғноб (21,8 млн. сомонӣ), «Ресандаи Қӯрғонтеппа» (18,7 млн. сомонӣ) ва Кони ангишти «Назарайлоқ» (9,4 млн. сомонӣ) аз ширкатҳое мебошанд, ки аз андоз нисбатан бақияи қарзи калон доранд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






