Шурӯъ аз 15 феврали соли 2018 воридоти мошинҳои кӯҳна ба ҳудуди Тоҷикистон манъ мегардад
ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 15 феврали соли 2018 воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад.
Дар ин росто, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки назорат, расмиёти гумрукӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёти воридшавандаро танзим намоянд.
Ҳадаф аз манъи воридоти мошинҳои кӯҳна- ин ҳифзи муҳити зист аз партовҳои воситаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мегардад.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






