Сироҷидин Аслов: «Тоҷикистон пайвандгари Осиёи Марказӣ бо нимҷазираи Ҳинду Чин аст»

Февраль 22, 2018 11:48

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими Авруосиё, ки Осиёи Марказиро ба нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию  байналмилалӣ, алахусус дар ду даҳаи охир иштироки фаъол дорад», — таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни «Соати парлумонӣ» дар мавзӯи «Авзои сиёсии ҷаҳон, минтақа ва ҷумҳурӣ»  20 феврал  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.

Ба гуфти Сироҷидин Аслов, бесабаб нест, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳлилу баррасии авзои ҷаҳону минтақа оғоз гашт. Ҷойгоҳи Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил ва дорои сиёсати хориҷии дуруст, ки бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар роҳандозӣ мешавад, таъкид карда шуд. Сиёсати дарҳои кушода, — фармуданд Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон, — чун меҳвари аслии муносибатҳои мо ба ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.

«Ширкати фаъолонаи мо дар арсаи байналмилалӣ ҳама бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Сарвари он мебошад.  Маҳз бо шарофати истиқлол мо аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва амсоли инҳо гаштем»,- зикр кард С.Аслов

Ба гуфти Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро 170 давлати дунё чун давлати соҳибистиқлол эътироф карда, имрўз мо бо 156 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудаем. Давлати  мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва олам Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил шинохта, эътироф кард.

Февраль 22, 2018 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд