СОХТМОНИ ЭСТАКАДА: Дар ноҳияи Сино ҳаракати нақлиёт бо роҳҳои ҳамшафат ба роҳ монда шуд

Февраль 27, 2018 10:47

ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз   дар  буриши ҳалқаи  хиёбони  И.Сомонӣ  бо хиёбони  А.Сино,  дар буриши хиёбону кӯчаҳои И.Сомонӣ, А.Сино, Н.Махсум, Баҳоваддинов  ва Маяковскийи ноҳияи Сино  (сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов) бо назардошти шурӯъ гардидани  корҳои сохтмони  чорсӯи  нақлиётии сесатҳа  ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ карда шуд.

Тавре сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Суҳроб Қурбонзода  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод,  бо назардошти шурӯъ гардидани  корҳои сохтмони  чорсӯи  нақлиётии сесатҳа  ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ карда шуда, ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиёт дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат, аз ҷумла, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, Низомии Ганҷавӣ, кӯчаи Карамов, Шамсӣ  ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки чанде қабл дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе  ба тасвиб расид, ки тибқи он  МДК «Душанбенақлиётхизматрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҳаракат ва танзими оқилонаи нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат  ба роҳ монанд.

Тибқи ин қарор аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки якҷо бо Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо ва  шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани  аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намуда, баҳри танзими ҳаракати  мунтазами онҳо роҳҳои ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои  мазкурро  тибқи  тартиби муқарраргардида ба низоми муайян дароранд.

 

 

Февраль 27, 2018 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд