Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 млрд сомониро ташкил дод

Февраль 13, 2018 10:01

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ 169 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо 2880 адад ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба доираи васеи рӯзноманигорон баён дошта шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар ин давра 5,2 млрд. сомонӣ, аз ҷумла, ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат 3,6 млрд. сомониро ташкил дод. Ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам овард, ки дар маҷмӯъ шумораи кормандони соҳа ба 9626 нафар расида, музди миёнаи коргарон  3148 сомониро ташкил диҳад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 20 млрд сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2016 121,3% афзоиш ёфта, соли 2017 ба 4,9 млрд сомонӣ баробар шуд.

Изҳор карда шуд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нишондиҳандаи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017, ки ба маблағи 16 млрд 866,4 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд, 118,6% ва ё 3 млрд 135,1 млн сомонӣ барзиёд иҷро карда шавад.

 

Февраль 13, 2018 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд