Соли гузашта шаш ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёрати ҳаҷ карданд

Февраль 5, 2018 11:12

ДУШАНБЕ, 5.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ҳаҷи соли сипаригардида тавассути Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карданд. Ин нуктаро имрӯз, 5 феврал раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иброз дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар нишасти мазкур зикр гардид, ки зимни сафар ба ҳоҷиён ҳайати гурӯҳи корӣ — табибон ва роҳбаладон хизмат расониданд.

 «Нархномаи ягонаи сафари ҳаҷ дар мавсими соли 2017 барои як нафар ҳаҷраванда дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам муқаррар карда шуда, пардохти маблағҳои ҳаҷравандагон дар шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд», — илова намуд Сулаймон Давлатзода.

Маврид ба зикри хос аст, ки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои интихоби роҳбаладон озмун эълон менамояд. Дар робита ба ин Сулаймон Давлатзода гуфт: «Соли гузашта озмуни интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2017» баргузор карда шуда, роҳбаладон интихоб гардиданд».

 

Февраль 5, 2018 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд