«Сомон Эйр» ба Германия парвози башардӯстона анҷом дод
ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» кӯдакони ба ҷарроҳиҳои мураккаб ниёзмандро аз Душанбе ба Германия интиқол дод. Хатсайри мазкур бо дархости Созмони байналмилалии хайрияи «Киндердорф Интернешнл» сурат гирифта, ҳавопаймои «Сомон Эйр» аз фурудгоҳи Душанбе ба Кобул, пасон ба Тошканд, Тбилисӣ ва дар ниҳоят ба Дюсселдорф, ки он ҷо ба кӯдакони кишварҳои гуногуни дунё ёрии тиббӣ расонида мешавад, парвоз намуд.
Тибқи барномаи мазкур, аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистон ба Германия беш аз 100 нафар кӯдакон интиқол дода шуданд.
17 феврал ҳавопаймо бо гурӯҳи кӯдакон бо хатсайри муайяншуда аз Дюсселдорф бармегардад.
Бояд гуфт, ки дар айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, бо муваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






