Сооронбой Жээнбеков дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба хотири ошноии бештар пайдо кардан дар бораи таърих ва маданияти миллати тоҷик аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд.
Дар Осорхонаи миллӣ ба меҳмони олиқадр ва ҳамроҳони ӯ нигораҳо ва дигар ашёи нодири таърихӣ, ки баёнгари тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷиканд, нишон дода шуд. Тамошои Осорхона аз ошёнаи 1-ум, ки дар он нигораҳои таърихи бостон ва асрҳои миёна ҷойгиранд, оғоз гардид. Дар ин ҷо меҳмонон оид ба бозёфтҳои мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм, фарҳанги зардуштӣ, давлатдории Ҳахоманишҳо ва замони юнону бохтариҳо, Кушониҳо, Сосониён, Ҳайтолиён ва Панҷакенти қадим маълумот гирифтанд. Дар ин толор ҳозирин ба ёдгориҳои аз Панҷакенти қадим бозёфтгардида, аз қабили деворнигораҳо, муҷассамаи сӯхтаи духтари раққоса, зарфҳои сафолӣ, порчаҳои сафолии тамғадор, ки осори мазкур аз гузаштаи пурифтихори ин маркази тамаддуни тоҷикон, ки дар олам бо номи “Помпеи Шарқ” маъруф аст, тавҷҷуҳи бештар заҳир намуданд.
Дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо ёдгориҳои таърихии замони Сомониён шинос шуданд. Меҳмонон оид ба ёдгориҳои аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолгарии мунаққашу катибадори асри Х, меҳроби чӯбии Искодар, кандакории болочӯбии болооби Зарафшон, намунаи матоъпораҳо аз Бозордара, лавозимоти ҳарбии асрҳои XI-XVI, кошиҳо ва намунаҳои хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, зарфҳои мисӣ ва коғаз маълумот пайдо карданд.
Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин меҳмонон бо ёдгориҳо ва нигораҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо, бунёди иншооти замонавӣ ошно шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми точик ва Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тухфаҳои хотиравӣ супорид.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.













СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






