Суди Олии иқтисодӣ нисбат ба 4 нафар кормандони дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ намуда, амали 14 судяро мавриди муҳокима қарор дод

Февраль 5, 2018 11:37

ДУШАНБЕ, 05.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо  ҳисоботи раиси  ин мақомот   Мавлуда  Қаландарзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли  2017  оғоз  гардид.

Мавлуда  Қаландарзода иттилоъ дод, ки  соли 2017  аз ҷониби суди марҳилаи  якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 2720 адад парвандаҳои  иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд, ки  нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта 371  адад зиёд мебошад.

«Дар ин давра 19 парванда бо вайрон кардани муҳлати  мурофиавӣ баррасӣ   гардида, 39 адад санади судӣ аз ҷониби марҳилаҳои болоӣ бекор  карда шуданд», — гуфт  раиси Суди Олии иқтисодӣ дар тақвияти  матлаби  мазкур.

Мавлуда  Қаландарзода   ҳамчунин таъкид намуд, ки вобаста ба муроҷиатҳои  шахсони   воқеӣ барои   роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба  4 нафар  кормандони     дастгоҳи суд муҷозоти     интизомӣ     татбиқ ва  амали 14 нафар    судяҳо мавриди   муҳокима қарор дода шуда,  диққати онҳо бобати риояи  қонунгузорӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта   ҷалб    гардид.

«Судҳои  иқтисодӣ дар самти  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, аз ҷумла, 180 парвандаро дар мурофиаҳои  сайёри судӣ баррасӣ карданд.  Дар ин робита,  бо мақсади ҷалб  намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун 68 таъйиноти хусусӣ  бароварда, аз рӯи 42 ҷамъбасти амалияҳои   судӣ  ҷиҳати пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳо  ба  мақомоти дахлдор 31 адад пешниҳод ирсол намуданд»,- иброз дошт М.Қаландарзода

Сипас  дар нишасти хабарӣ миёни роҳбарияти  Суди Олии иктисодӣ  ва намояндагони ВАО  оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ин мақомот суолу ҷавоб сурат гирифт.

Февраль 5, 2018 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст