Сумангул Тағойзода: «Ба 577 нафар корфармоён барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи меҳнат ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардид»

Февраль 6, 2018 10:23

ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 декабри соли 2017 музди миёнаи меҳнат 1135,16 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,5 сомонӣ ва ё 20,8 фоиз зиёд шудааст. Ин нуктаро имрӯз,  6  феврал Вазири  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода  зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иброз дошт.

Сумангул Тағойзода зикр кард, ки  соли 2017  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  фаъолияти 2559 адад субъектҳои хоҷагидори ҷумҳуриро  мавриди санҷиш қарор дода, дар натиҷаи  он  9050 адад қонунвайронкуниҳо ошкор  гардиданд. Аз ин 6687 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1797 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 208 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 358 ҳолат ба масъалаҳои  шуғли аҳолӣ дахл  доранд.

«Ба  577 нафар корфармоён ва дигар шахсони масъули корхонаю ташкилотҳо барои вайрон намудани қонунгузориҳои соҳаи меҳнат ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардида, бо дахолати кормандони хадамоти мазкур дар  натиҷаи  санҷишҳо 125 миллиону 588 ҳазор сомонӣ  ба  буҷети  давлатӣ  ва  шаҳрвандон  пардохт карда шуд», — иброз дошт  вазир дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.

Сумангул Тағойзода  ҳамчунин  иброз дошт, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 49 ҳазору 207 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Ин нишондиҳанда 131,1 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9867 нафар ё 25,9 фоиз зиёд мебошад.

Февраль 6, 2018 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст