Сумангул Тағойзода бо Найтхарт Хёфер – Виссинг мулоқот намуд

Февраль 1, 2018 09:14

ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сумангул Тағойзода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Найтхарт Хёфер – Виссинг мулоқот намуд.

Тавре  аз маркази матбуоти ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла, дар самти шуғли аҳолӣ, тайёрии касбии шаҳрвандон, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи  дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва омӯзиши касбии калонсолон дар Тоҷикистон» аз соли 2008 то соли 2016 амалӣ гардид, ки дар таъмир ва ташкили пойгоҳи моддӣ-техникии марказҳои таълими калонсолон ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  саҳми назаррас гузошт.   Инчунин дар доираи барномаи мазкур устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омухтани таҷриба ба Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҷумҳурии Беларус сафарҳои омӯзишӣ намудаанд, ки дар раванди омода намудани мутахассисони баландихтисос дар ҷумҳурӣ нақши муҳим гузоштанд.

Тарафҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва мусоидат дар соҳаҳои мавриди назар изҳори умедворӣ намуда, омодагии худро вобаста ба  идома додани ҳамкории муштараки минбаъда иброз намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Февраль 1, 2018 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст