ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 феврал, душанбе, 50-умин рӯзи соли 2018 аст

Февраль 19, 2018 08:03

 

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

19 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

***

9 сол пеш, 19 феврали соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар  мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин кишвар дар шаҳри Минск соҳиби медали тиллоӣ гардид.

 

19 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ.

***

Дар Непал – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Канада – Рӯзи оила.

 

 РӮЙДОДҲО:

19 феврали соли 2007 дар шаҳри Душанбе сомонаи нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  www.mfa.tj  рӯнамоӣ карда шуд.

***

8 сол пеш, 9 феврали соли 2010 дастаи  мунтахаби  футболбозони  Тоҷикистон дар Шри –Ланка дар доираи Ҷоми  даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи  мунтахаби  Бангладеш  қувваозмоӣ  карда,  бо  ҳисоби  3:1 ғалаба  ба  даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1878 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон фонограф (аввалин асбоб барои сабт ва аз нав ҳосил кардани садо) – ро ихтироъ намуд.

***

19 феврали соли 1921 куҳантарин рӯзномаи Россия — «Труд» («Меҳнат») таъсис дода шуд.

Февраль 19, 2018 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, душанбе, 335-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, якшанбе, 334-умин рӯзи соли 2025 аст