Тавзеҳи самтҳои Паёми Пешвои миллат ба Парлумон дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»

Февраль 2, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Муассисаи  давлатии  «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар мавзӯи «Тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва инъикоси он дар воситаҳои ахбори умум» ҳамоиш  доир гардид.

Дар он раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва Лутфия Раҷабова оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат бозгӯи вазъи воқеии ҷумҳурӣ буда, он самтҳои асосии фаъолиятро дар бахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат равшан ифода мекунад.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, баргузории ҳамоиши мазкур ба хотири инъикоси ҳамаҷонибаи Паёми Пешвои миллат буда, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва донишҷўёни бахшҳои журналистии донишгоҳҳои мамлакат ба саволҳои сершумори худ аз вакилони мардумӣ посухи мушаххас пайдо карданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба 40 нафар хатмкунандагони машғулиятҳои омӯзишӣ шаҳодатномаҳои Муассисаи давлатии «Академияи ВАО» супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» аз 1 марти соли 2016 фаъолияти худро оғоз намуда, ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи ВАО машғул аст.

 

Февраль 2, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид