«Тифлакон кай шино карда меоянд?»-қиссаю ҳикояҳои Тэру Миямото аввалин бор ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Эр-граф» китоби наверо бо номи «Тифлакон кай шино карда меоянд?» ба нашр расонид. Китоби мазкур аз повест ва ҳикояҳои нависандаи Япония Тэру Миямото иборат буда, онро рӯзноманигор Абдуғаффор Қурбонов аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Тэру Миямото дар ин қиссаю ҳикояҳо анъанаву урфу одатҳои миллии мардуми Японияро зимни тасвири қаҳрамонҳояш дар сатҳи баланд инъикос менамояд. Нависанда аз масъалаҳои одӣ сар карда, то сангинтарин мушкилоти зиндагии мардуми кишварашро бо маҳорати ба худаш хос ба қалам мекашад. Махсусан зиндагии вазнини мардум баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, паст рафтани сатҳи зиндагӣ, қашшоқӣ, танҳоию ноумедӣ ва ҳамчунин орзую омоли аҳолӣ ба зиндагии шоистаи инсонӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои марказии қисса ва ҳикояҳои Тэру Миямото ба шумор мераванд.
Номбурда яке аз бузургтарин нависандагони муосири Япония маҳсуб шуда, осори ӯ берун аз кишвараш низ машҳур гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки то имрӯз ягон асари ин нависандаи маъруфи японӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума нашуда буд.
Китоби ««Тифлакон кай шино карда меоянд?», ки аз қиссаю ҳикояҳои Тэру Миямото фароҳам омадааст, нахустин кӯшиши шинос намудани хонандаи тоҷик бо осори ин нависандаи бузурги Япония мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






