Тоҷикистон барои иштирок дар Панҷумин ЭКСПО-и байналмилалии логистикии Роҳи абрешими Чин даъват шуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 январи соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо муовини Раиси шаҳри Лиенюнгани музофоти Тзянсу хонум У Хайюн баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Муовини Раиси шаҳри Лиенюнган У Хайюн ҷиҳати иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар Панҷумин ЭКСПО-и байналмилалии логистикии Роҳи абрешими Чин, ки моҳи сентябри соли равон дар ш.Лиенюнган баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкорӣ дар масоили интиқол додани молу колои Тоҷикистон аз тариқи бандари муосири баҳрии шаҳри Лиенюнган изҳор назар намуданд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






