«ТУ БЕҲТАРИН!». Ашки шодии Меҳрона Ғайбуллоева пас аз ғолибият дар Озмуни байналмилалии вокалӣ дар Москва
ДУШАНБЕ, 26.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Меҳрона Ғайбуллоева, донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии НТВ-и Федератсияи Россия ширкат варзида, ба даври дуюм роҳ ёфт.
Тавре муовини директор оид ба таълими Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Баҳром Назаров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Меҳрона Ғайбуллоева бо садои дилнишин ва лаҳни гуворои худ аҳли толорро мафтун намуда, баҳои баланди доваронро ба даст овард.
«Боиси ифтихор аст, ки баромади Меҳрона Ғайбуллоеваро тариқи ширкати телевизионии НТВ-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар тамоми дунё тамошо намуда, аз ҳунари воло ва санъати баланди ин духтари тоҷик бохабар гардиданд. Меҳрона аз кафкӯбии аҳли толор ва доварон ашки шодӣ мерехт, ки ман инро аз тариқи телевизион тамошо карда, ифтихор намудам»,- зикр кард Баҳром Назаров.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, озмуни «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони боистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд.
Ба иттилои Баҳром Назаров, «Озмуни «Ту беҳтарин!» ҳар сол аввалҳои моҳи декабр дар Сафорати Россия дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Меҳрона Ғайбуллоева тӯли се сол дар ин озмун иштирок намуда, қувваю истеъдоди худро санҷид. Ин сол ӯ ба ин озмун роҳ ёфт.
Бояд зикр кард, ки Меҳрона аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, хатмкардаи Мактаб– интернати №1–и шаҳри Душанбе мебошад.
«Ба озмуни «Ту беҳтарин!» ҳамасола беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Меҳрона низ яке аз онҳост, ки баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гардид.
Айни ҳол Меҳрона дар шаҳри Москва қарор дорад ва барои иштирок дар даври минбаъдаи озмун, ки моҳи март баргузор мегардад, тамрин мекунад. Умед мебандем, ки ӯ дар ин давр низ ғолиб баромада, санъати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд»,-иброз дошт Баҳром Назаров.
Бояд гуфт, ки дар озмуни мазкур 82 навраси 8-18 сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






