Қурбон Ҳакимзода: «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ беш аз 12 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуд»
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Агар ба таҳлилҳо нигоҳ кунем, тайи якчанд соли охир 42 нафар кормандони Кумита дар 42 ҳолат ба корупсия даст задаанд, ки қисмати зиёди онҳо аз кор ронда шуданд. Нисбат ба ин масъала дар Кумитаи давлатӣ Комиссияи алоҳида таъсис дода шудааст, ки тибқи он мубориза бо коррупсия пурзӯр карда шудааст. Ин матлабро раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода имрӯз зимни нашасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи Қурбон Ҳакимзода, дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия ба таври доимӣ супоришҳои зарурӣ дода мешаванд.
Дар нишаст зикр карда шуд, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани майдонҳо соли гузашта боз ҳам пурзӯр намуда, 12 ҳазору 911 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуд. Инчунин зикр карда шуд, ки зимни санҷишҳои назоратӣ 100 адад қарорҳои ғайриқонунӣ бекор карда шуданд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






