Вазорати фарҳанг дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сенарияи филми ҳуҷҷатӣ оид ба рақси мардумии тоҷикро таҳия намудааст
ДУШАНБЕ, 07.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим Соли фарҳанг ва дар ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки дар робита ба ин Вазорати фарҳанг баргузории тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Ин матлабро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон баён дошт.
Вазири фарҳанг зикр намуд, ки дар ин самт сафарҳои зиёд ба хориҷи мамлакат ҷиҳати намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ва даъвати ҳунармандони давлатҳои ҳамсоя ба ҷумҳурии мо дар назар дошта шудаанд.
Шамсиддин Орумбекзода афзуд, ки соли сипаригардида аз ҷониби кормандони илмии пажӯҳишгоҳ 140 кори илмӣ, пажӯҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла, 8 китоб ва 132 мақолаи илмӣ ба табъ расиданд. Ҳамзамон сенарияи филми ҳуҷҷатӣ оид ба рақси мардумии тоҷик таҳия гардида, 60 мақолаи энсиклопедӣ доир ба «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон» ба идораи Энсиклопедияи миллии тоҷик барои чоп супорида шуд.
Аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахши «Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон» таҳия гашта, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Ин ҳама аз рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳанд.
Вазири фарҳанг дар масъалаи норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи фарҳанг иброз намуд, ки «Вазорати фарҳанг дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расониданист. Охири моҳи декабри соли сипаригардида масъулини Вазорати фарҳанг бо мудирони Раёсат, бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявии вилояти Хатлон оид ба соҳаи фарҳанг, масъалаҳо ва камбудиҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда суҳбат гузаронида, аз онҳо талаб карданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона созанд».
Ба иттилои Ш. Орумбекзода, бахшҳои фарҳанг муваззаф гардидаанд, ки оид ба масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






