Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон: тибқи маълумоти пешакӣ, миёни фавтидагони садамаи суқути ҳавопаймо дар вилояти Москва шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

Февраль 12, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни фавтидагони садамаи суқути ҳавопаймо дар вилояти Москва, ки 11 феврал рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, рӯзи якшанбе,  11 феврали соли 2018 ҳавопаймои ширкати ҳавоии «Саратов»-и Россия  баъди 7 дақиқаи оғози парвозаш аз фурудгоҳи Домодедово дар вилояти Москва суқут кард. Бар асари ин фоҷиа 71 нафар, аз ҷумла, 65 мусофир, бо шумули се кӯдак ва 6 узви ҳайати сарнишинон ба ҳалокат расиданд.

Дар робита ба ин фоҷиа имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи таслият ирсол намуданд.

 

Февраль 12, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст