Вазорати маориф ва илм, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Суди олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 5 феврали соли 2018 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Эмоми Аъзам — Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи дуюми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:30 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ, нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешавад. Садорати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Эмоми Аъзам соати 11 дар толори Донишкадаи мазкур ва роҳбарияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соати 14 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» бо намояндагони ВАО мулоқот мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо бояд мувофиқа намоянд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 93 -512-12-88, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






