Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 5, 2018 15:45

ДУШАНБЕ, 05.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 6 феврали соли 2018 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи дуюми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар», нишасти матбуотии  Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14 дар бинои Вазорати кишоварзӣ гузаронида мешавад. Садорати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соати 9 дар толори Донишкадаи мазкур бо намояндагони ВАО мулоқот мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидан бояд мувофиқа намоянд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 93 -512-12-88, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

 

Февраль 5, 2018 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад