Вазорати нақлиёт, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 феврали соли 2018 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамроҳ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҶСК «Тоҷик эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия»), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи дуюми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор дошта, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9 дар толори Агентии мазкур, нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон соати 10 дар бинои киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамроҳ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҶСК «Тоҷик эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия») соати 11 дар бинои Вазорати нақлиёт, нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 дар бинои Хадамоти мазкур гузаронида мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо бояд мувофиқа намоянд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 93 -512-12-88, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






