ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Февраль 20, 2018 16:19

ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда вазифаи аввалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

 Ворид намудани молу ашёи мухталиф бо роҳи қочоқ

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар қочоқи ашёи гуногун дастгир карда шуд. Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи қочоқ ба интиқоли мол ва ашёи гуногун тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ даст задааст.

Номбурдагон бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ тавассути нуқтаҳои сарҳадӣ молу маҳсулоти ширкати «Прокер энд генбал»-ро, аз қабили хокаҳои ҷомашӯии «Ариел Миф», моеи зарфшӯии «Фери», нармкунандаи либос «Ленор» ва ғайра ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ интиқол додаанд.

Садамаи марговар дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ

17 феврали соли равон ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Назриев Сафохуҷа Довутхуҷаевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Урал», таҳти идораи Холиқов Музаффар Ҳусейнович, соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ бархурдааст.

Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Назриев С. ва мусофири дохили мошини мазкур Мирова Таҳмина Имомиддиновна, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари мошини мазкур Амиров Одилҷон Маҳрамхуҷаевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Дуздии либосҳои гуногун аз нуқтаи савдо

Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 49-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 13 ба 14-уми феврали соли равон, соати 00:30, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи савдояш, воқеъ дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афросиёб»-и шаҳри Хуҷанд либосҳои занона, мардона ва бачагонаро, ки арзиши умумиашон 13000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Қаллобии беш аз 200 ҳазор доллар

Ба Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт марди 72-солаи сокини деҳаи Навдии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13 октябри соли 2014, марди 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ғарм, мудири маркази Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Соҳибкорбонк», бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ба ҳамин монанд ба Шубаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 66-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат кардааст, ки моҳи сентябри соли 2015, ду марди 57 ва 56-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 83000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Ҳамин тариқ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 13 майи соли 2013, марди 41-солаи сокини кӯчаи Ҳисори пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро надодааст.

Гумонбарон дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд.

 

 

Февраль 20, 2018 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд