ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: «ронанда»-и ноболиғ пиёдагардро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд

Февраль 12, 2018 12:13

ДУШАНБЕ, 12.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Раҳимӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Сомонӣ, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи Кӯҳии Металлургиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи ин садама пиёдагард, Қурбонов С.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус ЯХ-330», ноболиғ, Сайдалиев Ҳадятуллоҳ Абдулҳамидович, соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, хонандаи синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки автомашинаи мазкур ба падараш, Сайдалиев Абдулҳамид Муҳиддинович, соли таваллудаш 1968  тааллуқ дорад, бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

 

Февраль 12, 2018 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст