Як нафар узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як нафар узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмади Абдул Фуруқ, соли таваллудаш 1975, миллаташ тоҷик, аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, «ин узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, ки аз 1 то 10 феврали соли 2018 бо мақсади пешгирии интиқоли маводи нашъадор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд, боздошт гардида, аз ӯ 70 кг маводи нашъадори навъи ҳашиш ва чарс мусодира карда шуд».
Муҳаммад Улуғхоҷаев ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи ин чорабинӣ 5 феврали соли 2018, соати 19:30 дар асоси маълумоти фаврӣ, кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқад»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёти муштарак гузарониданд. Дар вақти гузаронидани амалиёт байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқчиёни маводи нашъаовар зудухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, қочоқчиён аз ҷои ҳодиса ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.
«Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 34 кг маводи афюн, 4 кг 800 гр ҳашиш ва 8 кг бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Худи ҳамон рӯз соати 22:35 хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб»-и отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз ҷониби қочоқбарони афғон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд»,-илова намуд ӯ.
Дар такя ба маълумоти номбурда, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ миёни қочоқбарони номаълуми афғон, сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, қочоқбарони афғон ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.
Дар вақти азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 54 кг афюн, 26 кг 590 гр ҳашиш, 2 адад тирдон бо тирҳои қутрашон 7,62 дарёфт ва мусодира шуд.
Сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамзамон гуфт, ки 8 феврали соли 2018, соати 19:50 аз тарафи наряди сарҳадӣ дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон»-и Отряди сарҳадии «Панҷ» убури ғайриқонунӣ ва вайронкунии сарҳади давлатӣ низ пешгирӣ карда шуд. Як гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳади давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар натиҷа задухӯрди мусаллаҳона ба миён меояд. Қочоқбарон ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.
Аз ҷои ҳодиса 24 кг маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони тамғаи М-16 истеҳсоли Америка бо як адад тирдон ва тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ба иттилои номбурда, дар айни замон аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ҳодисаҳои мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






