Яке аз хиёбонҳои шаҳри Остона ба номи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 12-13 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату кумитаҳо ва мақомоту идораҳои ду давлат ширкат намуданд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Музаффар Давлатзода намояндагӣ кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкдорию молиявӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Пешниҳод гардид, ки табодули таҷриба дар соҳаи санъати театрӣ ва навозандагиву сарояндагӣ бештар гардида, намояндагони ду ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, ҷашнвораҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои ҳар ду тараф фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ яке аз рукнҳои муҳими таҳкими муносибатҳои минбаъдаи ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки масъалаи ба номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гузоштани яке аз кӯча ё хиёбонҳои шаҳри Остона дар доираи риояи талаботи қонунгузории дуҷониба дида мешавад.
Инчунин ташкили тахтаи фахрӣ ба ифтихори аввалин узви фахрии хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик К. Сатпаев дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






