ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИЛМ. Сиёсати Пешвои миллат барои дастгирии занону духтарони болаёқат ва онҳое, ки илму дониши ба талабот ҷавобгӯ доранд, равона шудааст
БОХТАР, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 350 нафар олимон фаъолият доранд, ки 47 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 3 нафар зан доктори илм, профессор, 43 нафар номзади илм буда, 14 нафарашон дотсент мебошанд. Ғайр аз ин дар вилоят теъдоди зиёди занон унвонҷӯ мебошанд. Ин суханонро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни конференсияи илмӣ-назаривӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм баён дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Занон ва рушди илми муосир» конференсияи илмӣ-назаривӣ баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар семинар занон-намояндагони илм аз донишгоҳу коллеҷҳои Бохтар, Кӯлоб ва Данғара ширкат варзиданд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода саҳми занонро дар рушди илми муосир назаррас номида, аз ҷумла, гуфт, ки «шумораи занони олимаи тоҷик сол ба сол меафзояд. Шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то ба имрӯз пай дар пай аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби духтарону занон ба илм ва таҳсил тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабул гардидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ дар мамлакат дар соҳаи илм барои ҷалб ва дастгирии ҷавонондухтарон ба илм замина фароҳам овард. Имрӯз он сиёсате, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда истодаанд, пеш аз ҳама, барои дастгирии занону духтарони болаёқат ва ҳамаи онҳое, ки илму дониши ба талабот ҷавобгӯ доранд, равона карда шудааст».








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






