АМИТ «Ховар» барои инъикоси саривақтии рӯйдоду навгониҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нақши воситаҳои ахбори омма дар инъикоси саривақтӣ ва пайвастаи рӯйдодҳо муассир буда, ҳамасола бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик заҳматҳо ва маҳсули эҷоди журналистон аз ҷониби вазорату идораҳо қадр карда мешаванд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд ҷиҳати инъикоси саривақтии рӯйдоду навгониҳо ва баланд бардоштани завқу тафаккури аҳли ҷомеа бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик роҳбарияти АМИТ «Ховар»-ро бо Сипоснома қадрдонӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки АМИТ «Ховар» чун мақоми марказии иттилоотии давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилоот доир ба тамоми рӯйдоду ҳодисаҳои дохилу хориҷи кишвар, бахусус пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи мамлакат нақши арзанда дошта, пайваста ва фаврӣ бо мавод ва аксҳои ҷолиб рӯйдодҳоро тавассути сомона ва радио инъикос менамояд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






