АМИТ «Ховар» дар Остона бо Дипломи Озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» сарфароз гардид

Март 16, 2018 11:47

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъол дар озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» бо Диплом сарфароз гардонида шуд.

Озмуни мазкурро Клуби журналистони  Ассамблеяи мардуми Қазоқистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази байналмилалии «Жария» ва Филиали  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Остона  эълон намуда буданд. Дар он расонаҳои иттилоотии кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дипломи озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО»-ро дирӯз, 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остона  аз номи созмондиҳандагони  озмун ба директори АМИТ «Ховар»  намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон супорид.

Маврид ба зикр аст, ки АМИТ «Ховар» масоил ва рӯйдодҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус дар самти муҳоҷирати меҳнатиро сари вақт ва бо маводу аксҳои ҷолиб пайваста инъикос менамояд. Бо Дипломи озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» сарфароз шудани АМИТ «Ховар» бозгӯи ин гуфтаҳост.

Март 16, 2018 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад