Ҳамкории муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон рушду такомул меёбад

Март 17, 2018 11:34

ДУШАНБЕ, 17.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатх Гош ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Тавре аз Вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабаор доданд, зимни  вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории муштаракро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин доир ба бозомӯзӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияи низомии ВКД Ҷумҳурии Ҳиндустон табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳамкории судманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рӯз аз рӯз густариш меёбанд.

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Раҷиндер Кҳаннаро ба муносибати ворид шудани Ҳиндустон ба СҲШ дар соли 2017 табрик гуфта, бо изҳори хушнудӣ зикр кард, ки дар доираи ин созмони бонуфуз муносибатҳои муштарак ва ҳамкории минтақавӣ боз ҳам рушду такомул хоҳанд ёфт.

Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна дар навбати худ изҳор дошт, ки Ҳиндустон мақсад дорад, то узви масъулиятшиноси ин созмони бонуфуз бошад ва дар амнияти минтақа саҳми босазо гузорад.

 

Март 17, 2018 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад