Ҳамкории Тоҷикистон бо Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 марти соли 2018 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Туркия (KOSGEB) доктор Ҷеваҳир Узкурт баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот оид ба сатҳ ва раванди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамзамон бо мақсади танзими ҳамкорӣ дар ин самт ташаккули заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориро муҳим хонданд. Ду ҷониб ҳамзамон бо дарки нақши бузурги соҳибкории хурду миёна дар иқтисодиёт, ҷиҳати ба ҳам овардани соҳибкорони ду кишвар дар доираи чорабиниҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






