Ҷавонон дар «Боғи Ирам» базми наврӯзӣ оростанд!

Март 19, 2018 10:48

ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Боғи Ирам» -и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ  ва оммавию варзишӣ  таҳти унвони «Ҷавонон — муаррифгари фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ»  доир гардид.

Тавре мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  барномаи  мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва оғоз гардидани  Даҳсолаи банйалмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 роҳандозӣ шуда, дар он  гирандагони стипендияи президентӣ, ҷавонони  фаъол, варзишгарон ва устодони  санъати  ҷумҳурӣ   иштирок намуданд.

Ба иттилои номбурда, қисмати варзишии барномаи  мазкур  шавқовару хотирмон гузашт, зеро ҷавонони синну соли гуногун дар  мусобиқаҳои футболи хурд,   гӯштини миллӣ,  чавгонбозӣ, бандкашӣ  байни ҳам қувваозмоию сабқат намуда, баҳри ба даст овардани ғолибият  талоши  зиёд  карданд. Тамошобинону ҳаводорон  иштирокдорони  ин мусобиқаҳои варзиширо бо  қарсакҳои бардавом   рӯҳбаланд менамуданд.

Намоши ҳунарҳои мардумӣ  аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ин  макони идонаро шукӯҳи тоза бахшид. Маҳсулоти нонию қаннодӣ, сӯзаниву  зардӯзӣ, дуредгарию наққошӣ, ки  маҳсули дасти ин ҳунармандони асил маҳсуб мешаванд, писанди иштирокдорони ин барномаи фарҳангию фароғатӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар қисмати дигари боғ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Ҷомихонӣ ва Навоихонӣ» баргузор гардид, ки дар он наврасону ҷавонон аз эҷодиёти ду  шоири классики тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ шеъру ғазалҳо  қироат намуданд.

Истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рисолат Қосимова, ки дар ин макон сайру гашт дошт,  иброз кард, ки баргузории чунин намоишҳо бисёр муҳиманд, зеро  тавассути онҳо  ҷавонону наврасони мо  аз таъриху фарҳанг ва ҳунари  қадимаи  мардуми   тоҷик  огоҳ   гардида, ба ин васила  ба омӯзиши онҳо мароқ зоҳир менамоянд.

«Бо дастгирии  пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом барои эҳё гардидани  ҳунарҳои мардумии фаромӯшшуда  ва рушди ин соҳа мусоидат менамояд”, -гуфт  Рисолат Қосимова  дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.

Дар муқоиса ба  чорабиниҳои  пешин  ташкили гӯшаҳои сайёҳӣ, озмуни расмкашӣ,  ярмаркаи фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ,  пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ аз бартарияти дигари ин барномаи  фарҳангию фароғатӣ маҳсуб мешавад.

Март 19, 2018 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад