БАДАХШОН: роҳсозон ба васеъ ва мумфаршкунии роҳи марказии ноҳияи Ванҷ шурӯъ карданд

Март 28, 2018 10:58

ХОРУҒ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Роҳсозони Муассисаи давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ванҷ ба васеъ ва ҳамворкунии роҳи марказии ноҳия шурӯъ карданд. Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳия Одинашо Мардов,  «ин роҳ аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст ва ба талаботи имрӯза комилан ҷавобгӯ нест. Зеро баъзе аз қитъаҳои роҳ ҳамагӣ 6-7 метр паҳноӣ дорад ва илова бар ин аз ду тарафи  роҳ  ҷӯйбор ва роҳи пиёдагард  мавҷуд нестанд.  Бинобар ин мутобиқи нақшаи генералии  Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи марказӣ комилан аз нав сохта мешавад. Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  8 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар ихтиёри роҳсозон 8 техникаву механизмҳои пуриқтидор гузошта шудаанд ва онҳо мутобиқи нақша  ҳамвор ва мумфаршкунии севу ним километр  роҳро то даҳаи дуюми моҳи апрел ба анҷом мерасонанд».

Муовини аввали раиси ноҳия гуфт, ки «ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Зеро аз ин роҳ мошинҳое низ убур мекунанд, ки иқтидори вазнбардориашон аз 60 тонна боло аст ва дар сурати риоя накардани меъёрҳои роҳсозӣ ин роҳ дар фурсати кӯтоҳ хароб гардида метавонад».

Ҳамзамон дар канори роҳи марказӣ сохтмони чанд бинои хуштарҳу замонавӣ идома дорад. Соли равон биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 ва шуъбаи амнияти миллӣ ба истифода дода мешаванд.

Март 28, 2018 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст