Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
ДУШАНБЕ, 17.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Раис,
Хоҳишмандам, табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати дубора интихоб гардиданатон ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед.
Дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо бемисланд ва интихоби якдилонаи дубораи Шумо ба ин мансаби олии давлатӣ нишонаи возеҳи дастгирии қавии роҳи сиёсии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Чин мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, изҳори итминон менамоям, ки мо бо саъю талошҳои муштарак минбаъд низ ба рушду тавсеаи бемайлони муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, ки ба анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя доранд, мусоидат хоҳем кард.
Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Раис, саодатмандӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав, инчунин ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






