Баррасии ҳамкории мутақобила байни шаҳрҳои Душанбе ва Минск
ДУШАНБЕ, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 27 марти соли равон мулоқоти Сафир Маҳмадшариф Ҳақдод бо Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Андрей Шоретс сурат гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат таҳким ва рушди ҳамкории мутақобила байни шаҳрҳои Душанбе ва Минск дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва густариши заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории мутақобила баҳри рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






