Бибиосия Аюбӣ: «Омӯзиши пайвастаи усулҳои муосири идоракунии давлатӣ тақозои замон аст…»
ДУШАНБЕ, 12.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ ва омӯзиши пайвастаи усулҳои муосири идоракунии давлатӣ тақозои замон аст. Ин матлабро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Бибиосия Аюбӣ зимни ҳамоише, ки дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ доир гардид, таъкид намуд.
Дар ҳамоиш 59 нафар занони фаъол ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ҳафтае қабл аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ба курси панҷрӯзаи такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ҷалб шуда буданд, иштирок доштанд.
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Лутфия Абдулхолиқзода зикр кард, ки занон яке аз қишрҳои асосию пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд ва аз ин рӯ тарбияи кадрҳои сазовору ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳисоби бонувони лаёқатманд пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш шунавандагон мулоҳизаҳояшонро вобаста ба ташкили самараноки такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, инчунин баргузории машғулиятҳои идоравӣ дар мақомоти давлатӣ бо иштироки кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатӣ пешниҳод намуданд.
Дар интиҳо ба шунавандагони курси такмили ихтисос гувоҳномаҳои хатми таҳсил супорида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






