Бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб дорои осорхона ва меҳмонхона мешавад
ХОРУҒ, 16.03.2018, /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бинои сеошёна бунёд мекунад. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия Амриддин Қуботбеков гуфт, ки «таҳкурсии бинои мазкур тобистони соли 2017 гузошта шуда, барои сохтмони он 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бино аз се ошёна иборат буда, ошёнаи аввали он барои таъсиси осорхона пешбинӣ шудааст. Дар ноҳия ду миллати бо ҳам дӯсту бародар- тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо боз дар канори ҳам аҳлона зиндагӣ мекунанд ва расму суннат, фарҳангу ҳунари бою рангин доранд. Ба ҷуз ин дар ҳудуди ноҳия панҷ кӯли зебо, ки ҳар яке бо хусусиятҳои ҷуғрофию табиии худ аз ҳам фарқ мекунанд, мавҷуданд. Бештари сайёҳон маҳз барои тамошои ин кӯлҳо ва манзараҳои ҷолиби атрофашон ба ин ноҳия сафар мекунанд».
Ба гуфтаи мудири бахши муҳити зисти ноҳия, дар осорхона нигораҳои қадимӣ, маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ, маълумот дар бораи олами набототу ҳайвоноти ҳудуди ноҳияи Мурғоб гирдоварӣ мешаванд. Дар толори осорхона барои баргузор кардани семинару конфронсҳои илмӣ ва маҳфилҳои гуногуни адабию фарҳангӣ шароити мусоид мавҷуд аст. Дар ошёнаи сеюми бино меҳмонхонаи замонавӣ бо тамоми шароити истироҳатию маишӣ сохта мешавад.
Ҳоло бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо», ки аксарияташон ҷавонони маҳаллӣ мебошанд, аз нисф бештари корҳои сохтмониро анҷом додаанд. Онҳо ният доранд, ки биноро дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Сардори ҷамъияти мазкур Атомамад Давлатназаров гуфт, ки «дар гузашта бо сабаби сардии ҳаво тамоми корҳои сохтмонӣ қатъ мегардиданд. Аммо мо бо мақсади нигоҳ доштани ҳарорати муътадил атроф ва боми биноро бо маводи махсус печонидем ва дар фасли зимистон низ корро қатъ накардем».
Муовини аввали раиси ноҳия Исрор Исроров гуфт, ки «соли 2017 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати вилоятӣ барои корҳои сохтмонӣ 20 миллиону 897 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, ки бо ин маблағ 8 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 12 иншооти дигар идома дорад».








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






