Дар Бразилия Форуми 8-уми ҷаҳонии об шурӯъ гардид

Март 19, 2018 09:42

ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 18 март дар шаҳри Бразилияи пойтахти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Форуми 8-уми ҷаҳонии об ба кори худ оғоз   намуд, ки  он  то  23 март идома меёбад.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар кори Форуми  мазкур  намояндагони зиёда аз 100 давлати дунё иштирок дошта, онҳо  намояндагони   ҳукуматҳо, парлумонҳо, ташкилотҳои СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ  ва дигар ҷонибҳои манфиатдор   мебошанд.

Барномаи ин Форум  аз равандҳои сиёсӣ, мавзӯӣ, минтақавӣ ва илмӣ-технологӣ,  аз  вохӯриҳои сиёсӣ, аз ҷумла,  конференсия ва мизҳои гирди  вазирон дар мавзӯъҳои мухталиф, ҷаласаҳои мавзӯӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба натиҷаҳои бадастомада  дар бахшҳои гуногуни соҳаи об  иборат  аст.

Дар Форуми мазкур ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иштирок дошта,  дар намоишгоҳи байналмилалии  он  гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Об барои рушди устувор» ташкил карда шудааст. Дар ин гӯша  ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар масъалаи об  ташвиқу тарғиб гардида,  инчунин захираҳо ва имкониятҳои Тоҷикистон баҳри  ҷалби сармоя,  таҷрибаи мамлакат дар ҳаллу фасли масъалаҳо  вобаста ба  обу энергетика  муаррифӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст,  ки  дар намоишгоҳи байналмилалии  Форуми мазкур    дастовардҳои зиёда аз 100 ташкилот аз мамлакатҳои гуногуни дунё   дар соҳаи об  ба намоиш гузошта шудаанд.

 

Март 19, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид