Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои толибилмон Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ оғоз гардид

Март 29, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзии кишвар ҳамасола дар моҳи март барои кӯдакон ва ҷавонон Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) доир менамояд.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар баргузории ин ҳафта тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ фаъолона саҳм мегузоранд.

Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон соли чорум аст, ки ҳафтаи мазкурро ҷашн мегирад. Раванди омӯзиши дониши молиявӣ аз синни хурдсолӣ, яъне аз муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар мактабҳои миёна ва мактабҳои олӣ бояд идома дода шавад.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзи хурди    (ҶСП ТАҚХ) «Ҳумо», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзи хурди (ҶДММ ТАҚХ)  «ФИНКА» ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) 27 марти соли 2018 бо мақсади саҳмгузорӣ дар чорабинии мазкур боздиди толибилмонро ба осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намуданд.

Дар баробари тамошои нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, зимни боздид барои хонандагони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи И.Сомонӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машғулиятҳои омӯзишии молиявӣ доир карда шуданд.

Зимни машғулиятҳои инфиродӣ аз ҷониби масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов оид ба нигораҳои осорхона, аз ҷумла, сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллии он маълумоти ҷолибу хотирмон пешниҳод гардида, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

 

Март 29, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад