Дар Душанбе масоили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ гардид

Март 15, 2018 08:49

ДУШАНБЕ, 15.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки 15 март таҷлил мегардад, дар Душанбе бо ибтикори  Хадамоти зиддиинҳисории назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иштироки кормандони мақомоти марбута,  соҳибкорон ва истеъмолкунандагон ҷамъомад доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи ҷамъомад баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва савияи дониши соҳибкорон ва истеъмолкунандагон оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ҳангоми  хариди мол ва пешниҳоди кору хизматрасониҳо мебошад.  Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода доир ба ваколатҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, моҳияти таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои соҳибкорон ҳангоми фурӯши мол (кору хизматрасонӣ) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда сухан кард. Зикр шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  доир ба ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст, изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, инчунин таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон қарори мазкур масъулини мақомоти ваколатдорро водор месозад, ки назорати ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ҳангоми харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии онҳо бехатар пурзӯр намоянд.

Дар ҷамъомад мутахассисони  Хадамоти зиддинҳисорӣ оид ба моҳияти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» маърӯза карда, ба иштирокчиёни ҷамъомад маводи таблиғотии вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро  пешниҳод намуданд.

 

 

Март 15, 2018 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид