Дар Душанбе мулоқоти котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна мулоқот доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба байни дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Ҳиндустон, вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини амният изҳори назар карда шуд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






