Дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷикро бо тантана ҷашн мегиранд

Март 9, 2018 15:39

ДУШАНБЕ, 9.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Санаи 12 марти соли ҷорӣ соати 16:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинӣ қадрдонии фаъолони соҳаи матбуот ва ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ» бахшида ба 140- солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ дар барномаи чорабинӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо ва адабиёти тозанашр, инчунин барномаи адабию фарҳангӣ низ ҷой дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 371 рўзнома (109 адад давлатӣ ва 262 адад ғайридавлатӣ), 243 маҷалла (113 адад давлатӣ ва 130 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 адад оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма» фаъолият менамоянд.

 

Март 9, 2018 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад