Дар Франсия ҷашни Наврӯзи Аҷам таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2018 бо ташаббуси сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Қазоқистон) дар қароргоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъомади муҳташам доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Франсия ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Даъватшудагон бо таомҳои миллии кишварҳои таҷлилгари Наврӯз шинос шуда, бо расму русуми наврӯзӣ дар бораи таҷлили Наврӯз дар ҳар яке аз ин кишварҳо шинос шуданд.
Сафорати Тоҷикистон дар навбати худ мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо ашёи хоси миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон маводи шиносоӣ ва таблиғотии чопиро оид ба Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари кишварамон ба маъраз гузошт.










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






