Дар Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд-2018» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир 6 ва 7 июли соли 2018 дар иншооти Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд-2018» доир карда мешавад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд-2018» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» ва озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» низ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






