Дар иҷлосияи вилояти Хатлон ҳолати роҳҳо ва истифодаи самараноки сардхонаҳо баррасӣ мешавад
БОХТАР, 28.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 марти соли 2018 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар иҷлосия вакилон ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро муҳокима мекунанд.
Ҳамзамон дар иҷлосия ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






