Дар «Наврӯзгоҳ» корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ босуръат ҷараён доранд

Март 14, 2018 13:51

ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар пойтахт   корҳои ободонию сабзазоркунӣ  ҷиҳати  таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  босуръат ҷараён дошта,  тамоми сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, кормандони сохторҳои марбута ва  ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт ба шинонидани гулу дарахтони ороишӣ ва майсазор намудани майдонҳо, ки яке аз рукнҳои асосии наврӯзӣ  маҳсуб мешаванд,  машғуланд.

То ин  давра  дар ду тарафи  шоҳроҳҳои  шаҳр  ба миқдори зиёд дарахтони ҳамешасабзи арча ва  гулу буттаҳои   ороишӣ   шинонида  шудаанд, ки   ба симои шаҳри Душанбе шукӯҳу  таровати тоза мебахшанд.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар»  бо мақсади аз  наздик шинос шудан бо ҷараёни корҳои омодагӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе, ки  25 март  дар ин макон бахшида ба  Иди байналмилалии Наврӯз  барномаи театрӣ   баргузор  мегардад, бо масъулини он ҳамсуҳбат гардид.

Дар суҳбат  сарагрономи ин муассиса Асомиддин Буриев  иброз дошт,   ки алҳол дар боғи мазкур   бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  корҳои васлу насби   саҳна  барои намоиши театрӣ, ҳамчунин ба  таври идона оро додани ҷашнгоҳ ва маъракаи гулу ниҳолшинонӣ    идома доранд. Номбурда  ҳамчунин иттилоъ дод,  ки  дар «Наврӯзгоҳ» 26 март мусобиқаи гӯштини миллӣ   ва   31 март   пойгаи аспдавонӣ  баргузор мегарданд. Аз ин рӯ, онҳо анҷоми корҳои зиёдеро бар дӯш дошта, кӯшиш доранд, ки ҳамаи онро  то рӯзи ҷашни миллиамон ба анҷом расонанд.

А. Буриев  ҳамчунин зикр кард,  ки  дар мавсими имсола дар Боғи  «Наврӯзгоҳ»  1551 бех дарахтони сояафкану мевадор шинонида шудааст, ки 978 бехи ин   ниҳолҳо  аз хориҷи кишвар  ворид шудаанд.

Аз ҷумла, инҳо  дарахтони   санавбар, калина, сарвиноз, ёс, ҷалғӯза, як навъи сарв  ва ғайра мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки  21 январи соли 2018  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ  дар пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ин рӯз  ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва навсозии пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе дар майдони Боғи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз  шинонида шуданд.

Дар баробари дарахтони ороишӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом  шинонида шуд. Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки Боғи «Наврӯзгоҳ»  соли 2014 бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Боғи  мазкур  дар миёни Қасри миллат ва майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт қарор гирифта,  дар он дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо аз давлатҳои гуногун оварда, шинонида шудаанд. Аз ҷумла, дар 15 гектари боғи  мазкур  дарахтони санавбар, калина, сарвиноз, ёс, ҷалғӯза, як навъи сарв, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чанор, тӯси маҳаллӣ, шоҳбулут, зирк, заранги сурх, сарв, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудаанд.

                                                                                          Рухсораи НУР,

                                                                                          АМИТ «Ховар»

 

Март 14, 2018 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд