Дар нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Ваҳдат ба сокинон сари вақт хизмат расонида мешавад
ВАҲДАТ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз рӯзи якуми марти соли равон ба кор шурӯъ намуда, ҳамарӯза аз саҳар то бегоҳ ба хонандагону падару модари онҳо хизмат мерасонад.
Роҳбари ин нуқтаи бақайдгирӣ Хайриддин Ҳалимзода иброз намуд, ки «имсол нисбат ба солҳои пеш волидайни хонандагон зиёдтар кӯшиш доранд, то сари вақт фарзандонашонро ба қайд гиранд. То имрӯз зиёда аз 300 нафар хатмкунандагон ба қайд гирифта шуда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 40-50 нафар аз қайд мегузаранд.
Тибқи иттилои масъулин, хонандагони шаҳрҳои Роғун, Норак ва ноҳияҳои Файзободу як қисмати Ёвон ба ин нуқтаи бақайдгирӣ муроҷиат мекунанд. Масъулин роҳи дури онҳоро ба назар гирифта, сари вақт ба онҳо хизмат мерасонанд».








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






