ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ ПАСИ ЧАМБАРАКИ МОШИН. Бозрасии давлатии автомобилӣ рӯйхати ронандагони сархушро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар давоми 6 рӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 2986 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати 7 ронанда бо далели дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёт маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир менамоянд, ки чорабинии дар боло зикршуда далели ин гуфтаҳост.
Ба иттилои манбаъ дар давоми як ҳафта аз 19 то 25 марти соли ҷорӣ нисбати 7 нафар бо далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 2 нафар дар ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозати сиёҳшиша, 5 нафар бе рақами қайди давлатӣ, 2 нафар идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 124 нафар баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда, 83 нафар истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






